Хабарҳо

Эрон мехоҳад, ба Русия бесарнишини низомӣ диҳад

Эрон тасмим дорад, ба Русия садҳо адад дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишини низомӣ диҳад. Дар ин бора Ҷейк Салливан, мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллии он кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи Салливан, бесарнишинҳо иқтидори интиқоли силоҳро доранд. Мушовири президенти ИМА гуфт, ки Эрон ҳамчунин тасмим дорад, ба низомиҳои Русия тарзи истифодаи бесарнишинҳоро таълим диҳад ва марҳилаи аввали таълим давоми моҳи ҷорӣ шуруъ хоҳанд шуд. Салливан нагуфт, ки ИМА ин иттилоъро аз куҷо дарёфт кардааст.

Баъд аз ин иттилои Салливан, Москва ва Теҳрон сафари Владимир Путин, президенти Русияро ба Эрон таъйид карданд. Кремл хабар дод, ки Путин бо президентҳои Эрон ва Туркия гуфтугӯ мекунад.

Баъд аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина Путин ҳамагӣ ба ду кишвари хориҷ ва он ҳам шӯравии пешин — Тоҷикистону Туркманистон сафар кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button