Хабарҳо

5 МУШАК АЗ АФҒОНИСТОН БА ШАҲРИ ТИРМИЗИ ӮЗБЕКИСТОН РАСИДААСТ

5 МУШАК АЗ АФҒОНИСТОН БА ШАҲРИ ТИРМИЗИ ӮЗБЕКИСТОН РАСИДААСТ

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон шоми 5 июли соли 2022 дар як изҳороти вижа, ки дар Телеграм-канали ин вазорат нашр шуд, хабар дод, ки рӯзи 5 июл, соати тақрибан 16:20 дар минтақаи марзии Ӯзбекистон 5 мушаки реактивие, ки зоҳиран аз қаламрави Афғонистон партоб шуда буд, афтидааст. Вазорат гуфт, ҳангоми афтидан мушакҳо натаркидаанд ва дар натиҷа, касе осеб надидааст.

“Ба 4 хонаи шахсӣ дар маҳаллаи Маҷнунтоли шаҳри Тирмиз осеби начандон ҷиддӣ расида, мушаки панҷум дар майдони футбол ёфта шуд. Сапёрҳо мушакҳои ёфтшударо безарар гардонданд. Дар ҳоли ҳозир, мақомоти босалоҳияти Ӯзбекистон ҳамроҳ бо ҷониби Афғонистон ҷиҳати муайян калани сабабҳои ин ҳодиса чораҳои лозимро андешида истодаанд”, — изҳор дошт вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дар баёнияаш.

Шаҳри Тирмиз ҷанубитарин шаҳри Ӯзбекистон ва маркази вилояти Сурхондарё буда, дар марз бо Афғонистон, ҳамагӣ 20 километр дуртар аз шаҳри Хайратони Афғонистон ва 100 километр дуртар аз Мазори Шариф, бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистон ҷойгир шудааст. Тирмиз бо 140 ҳазор аҳолӣ дар 680километрии ҷанубуғарби Тошканд, пойтати Узбекистон ва тақрибан 245километрии ҷанубуғарби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шуда, аз шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон 190 километр ва аз ноҳияи Шаҳритӯс 130 километр фосила дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button