Хабарҳо

ИЗҲОРИ СИПОСИ СИТОРАИ БАЛЕТИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ КОРМАНДОНИ ТОҶИКАШ

ИЗҲОРИ СИПОСИ СИТОРАИ БАЛЕТИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ КОРМАНДОНИ ТОҶИКАШ

Ҳунарманди шоистаи Русия, ситораи балети рус Анастасия Волочкова дар саҳифааш дар Инстаграм ба Тоҷикистон барои оилаи муҳоҷирони тоҷике, ки ба ӯ дар нигоҳубини коттеҷаш дар шаҳраки Новаховои вилояти Маскав кумак мерасонанд, изҳори сипос кард. Волочкова, ки фарзандони кормандони тоҷикашро барои аёдати бобоҳову бибиҳояшон ба Тоҷикистон гусел мекард, дар Инстаграм дар бораи ин кормандонаш суханони гарме навишт ва гуфт, ки ҳеҷ гоҳ нахоҳад гузошт, ки онҳо хор шаванд вай касе онҳоро озор бидиҳад.

«Фараҳноз бо додару падараш ба Тоҷикистон ба аёдати бобоҳову бибиҳояшон ва дидани хоҳарашон Фариза, хоҳари Рустам Маҳина ва писари ӯ Давлат, ки ӯ ҳам дар инҷо, дар хонаи мо ба дунё омадааст, мераванд. Инҷо мо мемонему Лола, @hilola04.01, хоҳари Рустам Меҳрангезу шавҳари ӯ ва духтарчаашон, ки низ дар хонаи мо ба дунё омад. Ман ба сарзамини Тоҷикистон барои онки чунин одамони шарифро ба дунё овардааст, изҳори сипос мeкунам! Пеши волидони Лолаву Рустам сари таъзим фуруд меорам.! Ман ба ин оила хеле арҷ мегузорам ва ҳеҷ гоҳ намегузорам, ки касе озорашон диҳад! Роҳи сафед ба азизони ман! Мунтазири бозгашти шумоем! Пеш аз сафар ба Нозҷон чанд аспаки якшоха (единорог) туҳфа кардам, чунки ӯ ҷамъоварии чунин аспакҳоро дӯст медорад”.

Як хонавода аз Тоҷикистон (Рустаму Ҳилола (Лола), хоҳарони Рустам Маҳина ва Меҳрангез бо шавҳараш) чанд сол боз ба ситораи балети Русия дар нигоҳубини хонааш кумак мерасонанд. Волочкова чандин бор гуфтааст, ки ин кормандонашро на корманд, балки аъзои оилаи худ мешуморад ва аз ҳаққашон дар ҳама ҷо дифоъ хоҳад кард.

Тобистони соли 2021, вақте фарзандони кормандони Волочковаро аз майдончаи кӯдакон дар Новахово ронданд, Волочкова маъмурияти ин шаҳраки коттеҷҳоро ба миллатгароӣ айбдор кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button