Хабарҳо

ЗЕРИ НИДОИ “БИЗАН! БИЗАН!” ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ ДАҲҲО МУҲОҶИР ДАР ШАРҚИ МАСКАВ

ЗЕРИ НИДОИ “БИЗАН! БИЗАН!” ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ ДАҲҲО МУҲОҶИР ДАР ШАРҚИ МАСКАВ

Шоми 3 июли соли 2022 дар минтақаи саноатии Руднево дар шарқи Маскав байни даҳҳо муҳоҷир занозании гуруҳӣ сурат гирифтааст. Минтақаи Руднево дар ноҳияи Косино-Ухтомский, ҳамагӣ 5 километр дуртар аз МКАД ҷойгир шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар занозанӣ дар Руднево беш аз 60 муҳоҷир иштирок доштаанд. Сабаби занозанӣ ҳанӯз рӯшан нест, вале бархе шоҳидон гуфтаанд, як гуруҳи муҳоҷирон кори худро дуруст анҷом намедоданд ва гуруҳи дигар маҷбур будаанд, ки ба ҷои онҳо ҳам кор мекунанд. Ҳамин сӯитафоҳум дар мавриди тақсими ҷабҳаи кор боиси муноқиша шудааст.

Видеои лаҳзаи занозанӣ дар шабакаи “ВКонтакте” дар канали Реутов Новокосино Косино-Ухтомский нашр шудааст. Дар видео дида мешавад, ки муҳоҷирон бо тахтаву арматура ва ҳатто бо ҷорӯб “мусаллаҳ” шуда ба тарафи якдигар чӯбу оҳану бетон ва ҳар чизи дигареро, ки рост омад, ҳаво медиҳанд. Садои яке аз иштирокчиёни занозанӣ ба гӯш мерасад, ки бо забони тоҷикӣ ҳамсафони худро ташвиқ мекунад, ки: “Бизан! Бизан!”. Ҳамчунин садои якеи дигар ба гӯш мерасад, ки бо лаҳни монанд ба лаҳни ӯзбекҳо аз ончӣ ки мебинад, изҳори ташвиш ва ҳайрат мекунад. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки дар Руднево муҳоҷирони тоҷику ӯзбек аз гиребони ҳамдигар гирифтаанд ё дигарон? Бино ба хабарҳо, дар бораи занозании гуруҳӣ дар минтақаи саноатии Руднево ба пулиси пойтахти Русия ягон хабар нарасидааст ва дар бораи осебдидагон низ хабаре дастрас нашудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button