Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАКИ ДАҲСОЛА ДАР ДУ САДАМА ДАР ГУЛОБОД ВА ХОҶАҒАЛТОН

ВКД Тоҷикистон аз марги ду кӯдак дар ду садамаи алоҳида дар ҷануби ин кишвар хабар дод.

Шаби 3-юми июли соли 2022, тахминан соати 00:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Нозимов Маҳмадулло Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ҳамадонӣ, дар роҳи калони мошингарди деҳаи Гулобод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ноболиғ Мирзоев Абдурауф Муслиҳиддинович, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол Мирзоев А.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҳалокат расидаат.

Ҳамон рӯзи 3-юми июл, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳимбеков Фариддун Азизбекович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ, дар роҳи мошингарди, деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шӯрообод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ноболиғ Насриддинов Абӯбакр Қудбиддинович, соли таваллудаш 2012, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол Насриддинов А.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button