ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Баъди се ҷарроҳиву 5 моҳи табобати захми тир: Шафеъиён ба ҳукумати Исфара баргашт

Дуввумин корманди ҳукумати шаҳри Исфара, ки дар даргириҳои январӣ дар марз аз тири марзбонони қирғиз захмӣ шуда буд, шифо ёфтаву ба кор баргаштааст

ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Искандар Шафеъиён, масъули ҳукумати шаҳри Исфара, ки дар оғози соли ҷорӣ дар пайи муноқишаи марзӣ аз зарби тир захмӣ гардида буд, шифо ёфта ба кор баргаштааст.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баъд аз панҷ моҳи табобат ҳеҷ осори захмҳои тир дар бадани Шафеъиён боқӣ намонда, пурра шифо ёфтааст.

Манбаъ зикр кард, ки шурӯъ аз 1 июл мудири шуъбаи ташкилӣ дубора сари кори худ ба ҳукумати шаҳри Исфара баргаштааст.

“Имрӯз Шафеъиён ба кор дар ҳукумат баргашт. Аз омадани ӯ сари кору вазифааш ҳамкорон хеле изҳори хушнудӣ карданд. Ӯ мисли пештара кори худро дар ҳукумат пеш мебарад” – гуфт, Шомадов.

Искандар Шафеъиён, мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси шаҳри Исфара рӯзи 27 январи соли ҷорӣ дар пайи тирпарронии сарҳадбонони Қирғизистон ҳамроҳ бо Некзод Хоҷаев, корманди дигари ҳукумати шаҳр захмӣ гардида буданд.

Он замон ҳамроҳи онҳо Абдулатиф Шарифов, ронандаи мошини «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Исфара ҳам буд, ки дар ҷойи ҳодиса ба шаҳодат расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button