ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия афзоиш ёфтааст

Давоми сол тақрибан ду баробар бештар хориҷиён барои кор ба Федератсияи Русия омадаанд, ки аксари онҳо омодаанд дар ин кишвар қонунӣ кор кунанд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Русия тайи моҳҳои январ то майи соли ҷорӣ шумораи муҳоҷирони корӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ чанд маротиба бештар будааст, гуфта мешавад дар иттилои Вазорати корҳои дохилии ин кишвар.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ба шарофати “афви муҳоҷират” дар давраи пандемия аксари хориҷиёне, ки барои кор ба Федератсияи Русия омадаанд, омодаи кори қонунӣ буданд.

Тибқи ҳисоботи ниҳоди марбута ба муҳоҷират, шумори шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз аввали сол дар қайди Хадамоти муҳоҷират қарор доштаанд, 6,6 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Ин рақам нисбат ба як соли пеш, ки 3,9 миллион нафар ба қайд гирифта шуда буд, қариб ду баробар зиёд аст.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсоя барои русҳо рақобати ҷиддӣ эвод намекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button