ВарзишТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Барандаҳои Ҷоми раиси Душанбе маълум шуданд. Мошинҳою маблағро кӣ гирифт?

Ғолибони мусобиқаи куштигирӣ дар 5 вазн барои Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бо иштироки варзишгарон аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон муайян гардиданд

ДУШАНБЕ, 29 июн —  Куштигирони Тоҷикистон дар панҷ вазн — 65кг, 75кг, 85кг, 95кг ва +95кг миёни мардон ва дар як вазн — 60 кг миёни бонувон нерӯ санҷиданд.

Миёни бонувон Ҷонона Назарова мақоми аввал, Фазилат Гулбоева ҷои дуюм ва Аҳлия Муъминоваю Руҳафзун Бекназарова барандаи медали биринҷӣ гардиданд.

Дар даври ниҳоии вазни 65 кг Мулораҷаб Халифаев бар Эмомалии Нуралӣ пирӯз гардид.

Финали вазни то 75 кг миёни куштигирони Душанбе — Масъуди Аҳмадзод ва Ҳайдари Саидкабирзода бо пирӯзии аввалӣ анҷом ёфт.

Дар сабқати ниҳоии вазни то 85 кг Ҳақназар Назаров аз ноҳияи Ҳисор бо партоби хубе Муҳаммадҷон Абдуҷалилзодаро шикаст дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button