ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Шералӣ Кабир хостори афзоиши содироти тути Помир ба хориҷа шуд

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо дастури президенти кишвар имконоти рушди соҳаи саноатро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меомӯзад

ДУШАНБЕ, 29 июн —  Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав дар доираи сафари корӣ дар ВМКБ, бо фаъолияти корхонаҳои хурди саноатӣ дар ноҳияи Шуғнон шинос шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, вазири саноат зимни шиносоӣ бо фаъолияти Литсейи касбии техникии ноҳияи Шуғнон, хостори омода кардани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи бозор шуд.

Вазир аз утоқҳои дӯзандагии муассиса дидан намуда, барои ташкил намудани дӯхти либоси мактабӣ дар заминаи Литсей супориш дод.

Инчунин Шералӣ Кабир бо фаъолияти коргоҳи коркади тут бо номи «Тути Помир» дар ҷамоати деҳоти Сучон шинос шуда, барои афзоиши тавлидот ва зиёд намудани содирот тавсияҳо дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button