ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Пешниҳоди маҳсулоти арзон ба сокинони Суғд бахшида ба Рӯзи ваҳдат

Мақомоти Суғд беш аз 20 маротиба ярмарка ташкил карда, зиёда аз 8 ҳазор тон маҳсулоти ниёзи аввалро бо нархи арзонтар пешниҳоди сокинон намудаанд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ҳукумати Суғд бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ бо баргузории ярмарка, маҳсулотро нисбатан арзон ба сокинон пешниҳод кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ чун ҳарвақта дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир шуд.

«Дар ярмарка маҳсулоти гуногун, аз ҷумла орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, тухм, гӯшт, полезиҳо, сабзавот, меваҷот ба фурӯш гузошта шуда, сокинон бо изҳори қаноатмандӣ маводи зарурии рӯзғорро харидорӣ карданд», — омадааст дар иттилоия.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ин чорабинӣ изҳор доштаст, ки барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзон дар оянда низ чунин ярмаркаҳо ташкил карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button