ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Сели харобиовар дар Ворух — видео

Лойоба аз сатҳи каналу ҷуйборҳо берун шуда, ба манзилҳои сокинон даромада, ба ин ҳол хисороти молӣ дар пай гузоштааст

ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Бино ба гуфти сокинон ҳодисаи табиӣ соатҳои 17 и шоми дирӯз дар деҳаи Хушободи ҷамоати Ворухи Исфара ба вуқуъ омадааст.

Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки селфароии дирӯза манзили чанде аз сокинонро хароб намудааст.

«Хушбахтона ба худи сокинон осеб нарасонидааст. Ҳоло комиссияи хос ба ьисоби кормандони ситоди ҳолатьои фавқуллода ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, хисороти расидаро маълум мекунанд» — гуфт, Шомадов.

Дар ҳамин ҳол чанде аз сокинони деҳаи Хушободи Ворух гуфтанд, ки селфароӣ ба дараҷае шадид буд, ки аз сатҳи каналу ҷуйборҳо берун шуда роҳҳои мошингард ва манзили сокинонро хароб намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button