ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар Тоҷикистон

Аз аввали соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли молу коло, аз ҷумла бо роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ 15,4 фоиз афзудааст

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Аз аввали сол дар Тоҷикистон теъдоди ҳамлу нақли бор тавассути тамоми навъҳои нақлиёт афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хабаргузории «Авеста» бо истинод ба раёсатҳои марбута.

Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то майи соли 2022 дар кишвар беш аз 37,7 миллион тонна бор интиқол дода шудааст.

Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 — 15,4% бештар аст.

Бо нақлиёти автомобилӣ зиёда аз 35,4 миллион тонна бор кашонда шуд, ки ин назар ба панҷ моҳи соли гузашта 16,3 фоиз зиёд аст.

Бояд қайд кард, ки ҳиссаи воситаҳои нақлиёт 94%-и ҳаҷми умумии борҳои интиқолшударо ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button