Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар се моҳ беш аз 33 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуд

Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ додаааст, ки дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 30 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии ин кишварро гирифтааст

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар гузорише, ки ахиран Вазорати умури дохилии Русия нашр кардааст, гуфта мешавад, дар моҳҳои январ-марти соли равон 33 ҳазору 84 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Дар қиёс қирғизҳову ӯзбекҳо ба маротиб камтар мақоми шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Тибқи гузориши ВКД-и Русия, дар се моҳи соли равон ҳамагӣ 5028 қирғиз ва 6509 ӯзбек дорои шаҳрвандии Русия шудааст.

Бояд гуфт, ки дар гирифтани шаҳрвандии Русия шаҳрвандони Украина пешсафанд. Дар ин давра 54641 украинӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Дар маҷмуъ дар се моҳи соли ҷорӣ 141 663 ҳазор нафар шаҳрванди Русия гаштаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button