ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ғарқшавии ду ҷавон дар обҳои Тоҷикистон: яке 18 дуюмӣ 16 сол дошт

Дар обҳои Тоҷикистон ду ҷавон зимни оббозӣ ба ҳалокат расиданд. Ҷасади якеро сокинони маҳаллӣ дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карданд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар обҳои кишвар ду ҷавон зимни оббозӣ ғарқ шуданд, ки яке 18 ва дуюмӣ 16 сола буданд. Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳодисаи ҳузнангез бо ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара, замоне рух додааст, ки ӯ ба аёдати хешу табораш рафта будааст.

Ҳамин тавр, ҷавон ба деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ноҳияи Вахш рафта, ҳангоми оббозӣ дар канали ГМК-и ноҳияи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

КҲФ мегӯяд, баъди дарёфти хабар, ба ҷои ҳодиса дастаи махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Раёсат дар вилояти Хатлон сафарбар гардидааст.

«Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ соати 18:30 дақиқа ҷасади номбурда 5 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд», — омадааст дар хабарнома.

Ҳодисаи дигари фоҷиабор, бо як навраси 16-сола рух додааст.Тибқи гузориши КҲФ, ӯ рӯзи 21-уми июн дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.

Ғарқшуда, сокини деҳаи Боғчаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷекат будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button