Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Фармони Путин барои пардохти қарзи хориҷӣ бо рубл

Президенти Русия фармонашро барои ҷорӣ намудани тартиби нави пардохти қарзи давлатӣ, ки бо асъори хориҷӣ гирифта шудаанд, имзо намуд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Қарзи давлатии хориҷии Русия муваққатан метавонад бо истифода аз рубл пардохт карда шавад.

Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷмуҳури Русия, имзо карда, тартиби муваққатии пардохти қарзи хориҷии давлатиро муқаррар кард.

«Уҳдадориҳо дар мавриди еврооблигатсияҳо иҷрошуда маҳсуб мешаванд, агар бо истифода аз рубл, тибқи қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилии Русия дар рӯзи пардохт ба қарздиҳанда амалӣ шаванд», — омадааст дар фармон.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати молияи Русия изҳор дошта буд, ки ба далели маҳдудиятҳои дастрасии Бонки марказию ҳукумат ба маблағҳои басташуда дар суратҳисобҳои асъорӣ, қарзҳои хориҷӣ метавонанд, бо рубл пардохт карда шаванд.

Антон Силуанов, вазири молияи Русия, изҳор дошта буд, ки имкони пардохти евробондҳо бо рубл дар аснод аз соли 2018 пешбинӣ шудааст. Ӯ инчунин ин иддаоро, ки Русия уҳдадориҳояшро наметавонад иҷро кунад, бепоя хонда, таъкид намуд, ин кишвар маблағи кофӣ доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button