Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ӯзбекистон ба мардуми мотамзадаи Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард

Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон изҳори омодагӣ намудааст, ки ба мардуми мотамзадаи Афғонистон кумаки ҳамаҷониба хоҳанд расонд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ӯзбекистон дар робита ба заминҷунбии мудҳиш дар Афғонистон, ки талафоти зиёди ҷонӣ дар пай дошт, ба мардуми ин сарзамин изҳори ҳамдардӣ кард.

Дар номаи ҳамдардӣ, ки дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи ин кишвар онро нашр намудааст, омадааст: «мо ба наздикони ҳалокшудагон таслияти самимии худро изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорем».

Дар идома зикр шудааст, ки ҳукумати Ӯзбекистон омодааст ба мардуми бародари Афғонистон барои рафъи оқибатҳои фоҷиаи табиӣ ҳарчӣ зудтар кумак расонад.

То нашр шудани ин хабар, ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми азиятдидаи Афғонистон расман тасаллият ироа накарда буд.

Ёдовар мешавем, заминларзае, ки шаби 21 ба 22 июн дар Афғонистон сурат гирифт, наздики ҳазор кушта ва беш аз 1,5 ҳазор нафар захмӣ бар ҷо гузоштааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button