Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Набераи Президент аз пешниҳоди номзадӣ ба курсии раёсатҷумҳурӣ даст кашид

Набераи Маҳатма Гандӣ, сиёсатмадор ва яке аз чеҳраҳои машҳури Ҳинд аз пешниҳоди номзадӣ ба курсии раёсатҷумҳурӣ даст кашид

ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Гопалкришна Гандӣ, набераи Махатма Гандӣ ва губернатори собиқи иёлати Бенгалияи Ғарбӣ пешниҳоди номзадӣ ба курсии раёсатҷумҳурии Ҳинд дар интихоботи қарибулвуқуъро рад кард.

«Чанд нафар аз раҳбарони муътабари мухолифин манро ба унвони номзади мухолифин дар интихоботи оянда ба мақоми президентӣ пешбарӣ намуданд. Ман аз онҳо хеле миннатдорам. Аммо ман ин масъаларо ҷиддӣ таҳлил кардам ва ба хулоса омадам, ки номзад бояд шахсе бошад, дар кишвар ризоияту фазои миллӣ созад. Бинобар ин ман аз роҳбарон хоҳиш кардам, ки ба чунин шахс имконият диханд”, — гуфт Гандӣ дар изхороташ.

Дар соли 2017 Гопалкришна Гандӣ номзад ба мақоми ноиби президенти Ҳиндустон буд, аммо дар раъйдиҳӣ аз тарафи ноиби президенти феълӣ Венкая Найд мағлуб шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button