Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Афзоиши наздик ба 40 дарсадии воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар гузориши ахири худ дар бораи афзоиши воридоти 38,8 дарсадии маҳсулоти нафтӣ ба кишвар гузориш дод

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти нафтиро 38,8 дарсад афзоиш додааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста” дар истинод ба хадамоти гумруки кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, дар панҷ моҳи соли равон ба Тоҷикистон беш аз 289,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи умумии беш аз 231,2 миллион доллар ворид шудааст.

Гуфта шудааст, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10,3 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ тавлид шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button