Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Қобили қабул нест: вокуниши духтари Мирзиёев ба қазияи латукӯби арӯс дар тӯй

Додситонии кулли Ӯзбекистон маълум кард, ки ин навор рӯзи 6 июн дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё сабт шудааст. Қаҳрамони навор боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Духтари раисиҷумҳури Ӯзбекистон, муовини раиси Раёсати Бунёди рушди фарҳанг ва санъат Саида Мирзиёева дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба навори латукӯби арӯс аз ҷониби домод вокуниш кард.

«Ҳамаи мо мехоҳем дар кишвари мутамаддин, сарватманд ва хушбахтона зиндагӣ кунем. Ва ин маънои онро дорад, ки ҳар яки мо бояд барои он истодагарӣ кунем, ки зӯроварӣ нисбати зан қобили қабул нест», — навиштааст Саида Мирзиёева.

Саида мегӯяд, набояд дар баробари чунин ҳолатҳо ором нишасту канор гирифт.

«Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки ин бачаи тангназарро маҳкум намуда, ба духтар раҳм карда, дар тарбияи фарзандонатон хато накунед: хонданро манъ накунед, кӯшиш накунед, ки ҳарчи зудтар оиладор шаванд, бигзоред, то бо ақли худ зиндагӣ кунанд. Барои ҳамин таҳсил лозим аст, ки занонро мустақил ва қавӣ мегардонад. Таҳсил ба шумо имкони интихоби зиндагӣ медиҳад», — навиштааст ӯ дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуда буд, ки дар он домод дар тӯй арӯсашро бо хашм барои мағлуб шудан дар як озмун, латукӯб мекунад.

https://www.facebook.com/asiaplustoj/videos/1456519844773443

Анҷоми романтика: домод дар тӯй арӯсро як шаппотии сахт зад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷашни арӯсие дар Ӯзбекистон видеое паҳн шудааст. Аммо ин саҳна ҳиссиёти шодиро бедор намекунад.

Аз видео дида мешавад, ки домод аз ғолиб омадани арӯсаш дар озмуни ҳаҷвӣ хашмгин шуда, ӯро шаппотии сахте мезанад.

Домод барои ин кирдори ношоями худ ҳеҷ ҷазое нагирифт — афториён низ ба ин ҳодиса вокунише накарданд. Арӯс дарҳол аз назди домод дур шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button