ТОҶИКИСТОНХабарҳоҶомеа

Боздошти Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби пулиси Олмон.

Ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдоди” ахборе дастрас шудааст,ки Муҳиддин Кабириро пулиси Олмон дастгир намудааст. Вай ҳоло дар яке аз шуъбаҳои Полис таҳти пурсиш қарор дорад. Бояд қайд намуд, ки нисбати М. Кабирӣ  бо якчанд моддаи кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, дар ҷустӯҷуи байналмилали қарор дошт.

Бояд тазаккур дод, ки Кабирӣ дар назди хоҷагони хориҷиаш қарздор аст. Ҳамагон медонанд, ки М. Кабирӣ соли 2015 мақсади анҷом додани табадуллот дар Тоҷикистонро дошт, аммо Назарзода Ҳалим, собиқ муовини Вазири мудофиа, аз ӯҳдаи иҷрои он баромада натавонист. Миллионҳо доллари амрикоӣ, ки М.Кабирӣ барои хиёнати худ аз хоҷагонаш гирифта буд, барбод рафт. Акнун он маблағҳоро баргардондан лозим меояд, ё ин ки ин амалро то ба охир расонидан лозимаш буд. Танҳо он тарсу ва нозукдил ба таклифи бегонагон розӣ мешавад. М. Кабирӣ аз ҷумлаи он буздилоне ҳаст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сабабгори асосии он, ана ҳамин наҳзатиҳо буданд, ӯ дар Маскаву кишварҳои арабӣ таҳсил ва тиҷорат мекард. Пас аз он ки дар Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид, Ӯ низ дар Тоҷикистон пайдо шуд ва дунболи марҳум С. А. Нурӣ, собиқ раиси ҲНИ-ро гирифт. Ҳамин тариқ пас аз марги С.А.Нурӣ, ногаҳон ва барои ҳама тааҷубовар, ӯ ҷойгузини С. А. Нурӣ мешавад. Ҳол онки талабгорон аз ҳисоби наздикон, хешовандони С. Нурӣ ва дигар роҳбарону фаъолони ҳизб кам набуданд.Соли 2015 М. Кабирӣ кишварро тарк намуд ва ошуб ё табадулоташон ҳам амалӣ нашуд. Дар натиҷа боз ғаму кулфат дари чандин оилаҳои тоҷикро кӯфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button