ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ғарқшавии се нафар тайи як шабонарӯз дар кулу дарёҳои Тоҷикистон

Теъдоди ғарқшудаҳо дар кулу дарёҳои кишвар сар аз аввали сол ба 59 тан мерасад, ки мақомот ин ададро боиси ташкиш хонда, сокинонро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунанд

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ҳолатҳои навбатии ғарқшавӣ дар кулу дарёҳои кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, танҳо дар шабонарӯзи ахир наҷотдиҳандагон ҷасади се танро аз об берун овардаанд.

Ҳамин тариқ 14 июни соли 2022, тахминан соати 17:00 ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш сокини 19-солаи шаҳраки Бохтарёни ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ғарқ мешавад.

Гуфта мешавад, марҳум дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ҳалок шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button