Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Боздошти корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Қирғизистон

Як афсари интизомии Тоҷикистон дар қочоқи як бастаи бузурги маводи мухаддири тавлиди Афғонистон гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Бишкек як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва чанд шаҳрванди дигари кишвар боздошт шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон.

Марде, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекард, ба қочоқ гумонбар дониста мешавад.

Тибқи маълумоти мавҷуда, ӯ ба интиқоли як бастаи бузурги маводи мухаддир машғул будааст.

Ба гуфтаи маъмурони интизомии Қирғизистон, боздоштшудаҳо, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ба интиқол ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддир машғул будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button