АфғонистонМинтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Толибон аз давлати Эрон дархости дарёфти осони виза карданд

Волии Қандаҳор аз мақомоти Эрон даъват кардааст, ки дарёфти виза барои шаҳрвандони Афғонистон ва шароити тиҷорати марзиро содатар созанд

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Сайид Ҳасани Муртазавӣ, муовини сафири Эрон дар Афғонистон ахиран дар раъси як ҳайат дар Қандаҳор бо Ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф Вафо, волӣ ва дигар мақомдорони ин вилоят дидору мулоқот кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Форс”.

Тибқи иттилои манбаъ, Сайид Ҳасани Муртазавӣ дар ин дидор таъкид кардааст, ки Эрон омодааст, равобити тиҷорӣ бо Афғонистонро густариш диҳад.

Ба гуфтаи ӯ, «амнияту оромии Афғонистон амнияту оромии Эрон аст ва Теҳрон ҷонибдори сулҳу субот, оромӣ ва амният дар ин кишвар аст».

Дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф Вафо, волии Қандаҳор гуфт, ҳар кишваре, аз ҷумла Эрон метавонад бидуни мушкилот фаъолияти худро дар ин устон дубора тавсеа диҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button