ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар Ёвон соҳибкорро барои харидуфурӯш бо доллар ҷарима карданд

Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон нисбати соҳибкор ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 25 600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Муомилот бо асъори хориҷӣ тибқи қонун манъ аст, гузориш медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, як сокини ноҳияи Ёвон, ки ба соҳибкорӣ машғул аст, барои даст задан ба ин амал бо қарори додгоҳ ба пардохти ҷарима муваззаф шуд.

Манбаъ меафзояд, номбурда дар бозори Панҷшанбеи ноҳияи мазкур нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дорад ва моҳи марти соли равон ба як харидор масолеҳи сохтмонӣ аз қабили тахта, шифер, қубур ва дигар намуди масолеҳро фурӯхтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button