ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Бузургтарин бозорҳои Суғдро мебанданд: шарҳи мақомот

Пас аз оташсӯзии пурхисороти бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар мақомоти сӯхторнишонӣ назорати фаъолияти бузургтарин бозорҳои фурӯши либосро пурзӯр мекунанд

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Мақомоти оташнишонӣ ҳадаф аз баргузории корҳои профилактикиро ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз оташсӯзии эҳтимолӣ арзёбӣ мекунанд.

Ду рӯз қабл мақомот ба гузаронидани корҳои профилактикӣ оғоз намуда, дар зимн бинобар ҷойдошти камбудиҳо дари чанде аз бузургтарин бозорҳои Суғд, аз ҷумла “Шоҳроҳи Абрешим”, “Гуштингир”, “Дилшоди Барно” -и шаҳри Истаравшан ва марказҳои фурӯши матову либос аз ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Раслуовро бастаанд.

Ҷамшед Баҳодурзода, нозири Идораи оташнишонии шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳдудшавии кори бозорҳо дар ин шаҳр муваққатӣ буда, ҳадафи он ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз эҳтимоли рухдоди ҳодисаҳои сӯхтор мебошад.

«Фаъолияти бозорҳо дар шаҳри Истаравшан то замони ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта боздошта шуд. Барои мисол лоиҳакашии васлкунии ноқилҳои барқӣ, сипарҳои оташнишонӣ нопурра буда, роҳҳои автомобилгарди нақлиёти оташнишонӣ низ дуруст карда нашудааст. Барои бартараф намудани ин камбудиҳо муҳлат дода шуд”, — гуфт, нозири сӯхторнишонӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button