Хабарҳо

Абдурозиқ, ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ бо Салмон Хон, ҳунарпешаи Bollywood дар шаҳри Абу Даби вохурдааст

Абдурозиқ, ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ бо Салмон Хон, ҳунарпешаи Bollywood дар шаҳри Абу Даби вохурдааст. Дар ин вохӯрӣ, ки рӯзи шанбе баргузор шудааст, Абдурозиқ барои Салмон Хон як суруди ҳиндӣ хонд. Баъд аз анҷоми тарона, Салмон Хон ӯро ба оғуш кашид. Абдурозиқ бо нашри аксу наворҳояш аз ин дидор бо ситораи Болливуд дар саҳифаи Инстаграми худ навишт, “Ман фикр кардам бо дӯсти наздикам вохӯрдам.”

Дар аксу видеои нашркардаи Абдурозиқ дар саҳифааш дар Инстаграм дида мешавад, ки ин ҷавони тоҷик дар миёни чанд ҳунарманди Ҳиндустон, аз ҷумла рэпсарои Болливуд Ҳоней Синг (Honey Singh) қарор дорад.

Ҳунармандони Болливуд дар маросими ҷоизасупории IIFA-2022 ё Ҷашнвораи байналмилалии академияи филмҳои ҳиндӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб қарор доштанд.

Абдурозиқ дар саҳифааш ҳамчунин хабар додаст, ки 8-уми июн ба Ҳиндустон сафар мекунад.

Абдурозиқ, ҷавони 18-солаи тоҷик, бо қади кӯтоҳи худ ҳамчун сароянда ҳам миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст. Саҳифаи Инстаграми ӯ беш аз 2,5 миллион пайрав дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button