Хабарҳо

ИЗҲОРОТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН ДАР РОБИТА БА ҲОДИСАИ САРҲАДӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

ИЗҲОРОТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН ДАР РОБИТА БА ҲОДИСАИ САРҲАДӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

3 июни соли 2022 соати 10:40 бо вақти маҳаллӣ дар минтақаи масъулияти дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи марзшикании ҳадафмандонаи ҳарбиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва ниҳодҳои ҳарбии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба вуқуъ пайваст.

Муноқишаи мусаллаҳона бинобар аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон беэътиноӣ намудани талаби қонунии сарҳадбонони тоҷик ҷиҳати тарки ҳудуди Тоҷикистон рух дод. Дар ҷавоб ба талаби сарҳадбонони Тоҷикистон ҳарбиёни қирғиз мавқеи ҷангӣ гирифта, нахуст ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии “Кех” воқеъ дар ҷамоати Ворухи ш.Исфараи Тоҷикистон оташ кушоданд.

Тоҷикистон амали иғвоангезонаву ҳадафноки ҷониби Қирғизистонро маҳкум намуда, аз риояи қатъии ҳамаи мувофиқаҳои бадастомада ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда, даъват ба амал меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ҳавасмандии худро баҳри ҳалли мусолиҳатомези масоили бо Ҷумҳурии Қирғизистон бавуҷудомада таъкид менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button