Хабарҳо

ФАРМОНИ №388. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РАИСИ ДОДГОҲИ ХУҶАНД ВА ДУ СУДЯИ ДИГАРИ БАДНОМШУДАРО АЗ КОР РОНД

ФАРМОНИ №388. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН РАИСИ ДОДГОҲИ ХУҶАНД ВА ДУ СУДЯИ ДИГАРИ БАДНОМШУДАРО АЗ КОР РОНД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 майи соли 2022 бо имзои фармони №388 “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷонро аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаидро аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанд ва Раҳимзода Раҳмиддин Мирзокаримро аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод кард.

Қаблан гузориш шуда буд, ки Ҳомидҷон Муҳаммадзода бо ҳамдастии як додраси зердасташ ва як вакили мудофеъ аз корафтодае пора талаб кардааст ва ӯро моҳи апрел ҳангоми гирифтани пора дастгир кардаанд.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода 25-уми ноябри соли 2021 раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд таъин шуда буд. Ӯ дар солҳои 90 низ раиси додгоҳи Хуҷанд буд.

Дар гузашта дар мақомҳои раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Додгоҳи вилояти Суғд, раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Спитамен кор кардааст. Судяи тахассуси дараҷаи якум буда, ордени «Шараф» дорад.

Судяҳо дар Тоҷикистон бо фармонҳои президент таъйин ва барканор мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button