Хабарҳо

Хабари Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшон

Маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки 31-уми майи соли 2022, соати 09:30 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон, аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ва террористӣ Ғуломҳайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Почоев Алишер Сафармамадович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Мавлододов Ҳабиб Феткаевич соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Шехбуров Ҷангибек Душанбиевич, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Палаев Дохунда Худобандаевич, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, ки аз 18-уми майи соли ҷорӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд.

Дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз роҳбарони гурӯҳи террористӣ Палаев Қулмаҳмад Каримович, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар дастгир гардид.
Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ки дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр ва фосилаи 1 км аз хати Сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст, 1 адад силоҳи мерганӣ бо 200 дона тир, 1 адад пулемёти Калашников бо 150 дона тир, 1 адад гранатомёти зиддитанкӣ бо 3 адад гулӯла, 4 автомати Калашников бо 5 тирдон ва 135 дона тир, 5 адад норинҷаки дастӣ ва 2 адад таппончаи Макаров бо 50 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуданд.

Барои таслим шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷинояткорон чандин маротиба таъкид гардида буданд. Вале, ҳар маротиба, онҳо ин даъватҳоро сарфи назар карда, аз кирдорҳои ҷиноятии худ даст накашида, аз пайгарди мақомот пинҳон мешуданд.

Ёдовар мешавем, ки 18-уми майи соли ҷорӣ, дар маркази ноҳияи Рӯшони ВМКБ гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда ба колоннаи автомашинаҳои хизматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ ҶТ ҳамлаи мусаллаҳона намуда буданд, ки бар асари он 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 хизматчии ҳарбӣ ҷароҳати вазнин бардошта буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button