Хабарҳо

МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ПИРУ КАМПИРРО АЗ СӮХТОР НАҶОТ ДОДАНД, ВАЛЕ … ПИРАЗАН ОНҲОРО ГУНАҲКОР КАРД

Ниҳодҳои зиддисӯхтори вилояти Иркустки Русия амакбачаҳо аз Тоҷикистон Қурбоналӣ ва Орзубек Назировҳоро барои намоиши мардонагӣ ва шуҷоат ҳангоми наҷоти пиру кампири солхӯрда аз сӯхтор бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кардаанд. Ин ду амакбача аз деҳаи Тиллои сафеди ҷамоати Гулистон дар канори шаҳри Ваҳдат наздикиҳои шоми 11 апрели соли 2022 дар маҳаллаи 4-уми шаҳри Шелехови вилояти Иркутск ду сокини солхӯрдаро аз оташ бароварданд. Амакбачаҳо мегӯянд, ин корро қаҳрамонӣ намешуморанд, балки қарзи инсонии худро иҷро кардаанд.

Дар мусоҳиба бо Ютуб-канали “Агар” Қурбоналӣ як ҳолати ногувореро дар ин қазия нақл кард. Ба гуфтаи ӯ, вақте пиразан ба ҳуш омад, ба ҷои изҳори сипос аз кормандони пулис талаб кард, ки муҳоҷирони тоҷики онҳоро наҷотдодаро ҳабс ва сахт тафтиш кунанд. “Вале ҳатто кормандони пулис ӯро таъна карданд, ки аз ин суханонат шарм дор! Ҳамин муҳоҷирон буданд, ки ҷонатро наҷот доданд, ту бошӣ… Намедонам, шояд он лаҳза дар ҳолати шок буд он пиразан, ки чунин мегуфт”, — нақл мекунад Қурбоналӣ.

Ӯ ҳамчунин нақл кард, ки вақте пиру кампирро аз даруни оташ бароварданд, сӯхторнишонҳо ва табибон ба онҳо гуфтанд, ки то метавонед оби зиёд бинӯшед, то асароти дуди оташро аз баданатон бароред.

“Вале мо гуфтем, ки то расидани шом чизе нӯшида наметавонем, чунки моҳи шарифи Рамазон аст ва мо рӯзадорем. Ин онҳоро боз ҳам бештар ба ҳайрат овард. Хайрият, баъди чанде шом расиду мо рӯзаамонро дар ҳамон ҷо кушодем”, — нақл мекунад Қурбоналӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button