ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар Панҷакент ду муаллимро барои «конспект» ҷарима кардаанд

Додгоҳи шаҳри Панҷакент ду омӯзгори ин шаҳрро барои бе омодагии лозим ба мактаб омадану дарс додан ба шогирдони ҷарима бастааст.

Додгоҳ ҳафтаи гузашта бо нашри ҳукми омӯзгорони фанни геометрия ва ҷуғрофиёи мактаби миёнаи рақами 17 дар деҳаи Шӯрчаи шаҳр гуфт, ҳарду муаллим аз он сабаб ҷарима шуданд, ки рӯзи 14-уми апрели имсол бар хилофи қонун “Дар бораи маориф” ва қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» уҳдадориҳояшонро иҷро накардаанд ва “бе конспект” ба фарзандони мардум дарс додаанд.

Бар асоси қонуни маориф омӯзгорони тоҷик бояд ба дарсҳо бо омодагии ҷиддӣ биёянд ва конспект, ё пешнавис як навъ омодагӣ ба дарс ба ҳисоб меравад. Дар ҳукми додгоҳи шаҳри Панҷакент омадааст, азбаски омӯзгорон уҳдадории таълимии худро дуруст иҷро накарданд, гуноҳашон собит шуд ва барои ҳамин бояд барои ин корашон ҷарима супоранд.

Дар Тоҷикистон солҳои ахир шикояти омӯзгорон аз он зиёд аст, ки ҳатто нозирони минтақавии милиса ба мактаб ворид шуда ва дафтарҳои онҳоро тафтиш мекунанд, ки хилофи қонун аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button