ВарзишВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Бидуни допинг: Чориева шеваи дурусти зӯрозмоиро таълим медиҳад (видео)

Комиссияи варзишгарони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар навоҳии ҷумҳурӣ шеваи дурусти мусобиқаҳои варзишии бидуни допингро таълим медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Мавзуна Чориева, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар давраҳои омӯзишӣ барои варзишгарон дар навоҳии ҷумҳурӣ иштирок мекунад.

Тибқи иттилои КМОТ, аз ҷумла дар шаҳри Исфара семинари омӯзишии Комиссияи варзишгарони КМОТ оғоз гардид, ки 2 рӯз идома меёбад.

Таъкид шудааст, ки давраи омӯзиширо Мавзуна Чориева, раиси Комиссияи варзишгарони КМОТ, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар риштаи муштзанӣ роҳбарӣ мекунад.

«Бо варзишгарони ҷавон масъалаҳои барои онҳо алоқаманд, мисли мубориза бо допинг, бозии одилона, Кодекси одоби варзишгар, фаъолияти комиссия, дастгирии варзишгарон аз ҷониби ҳукумат ва ғайра баррасӣ мешаванд», — афзуд манбаъ.

Дар Исфара, ки зодгоҳи бисёре аз варзишгарони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла муштзану размикорҳо мебошад, намояндагии Комиссияи варзишгарони КМОТ таъсис дода мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Комиссияи варзишгарони КМОТ соли 2020 таъсис ёфта, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси он интихоб шуд. Худи ҳамон сол дар марказҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе намояндагиҳои комиссия таъсис ёфтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button