Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Созиши Русия ва Эрон барои додугирифт бо пули миллӣ

Дар ояндаи наздик сафари ҳайати мақомдорони баландпояи Бонки марказӣ ва Вазорати молияи Эрон ба шаҳри Маскав дар назар аст

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Русия ва Эрон созиш кардаанд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд, изҳор дошт ноиби сарвазири ФР Александр Новак.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла роҳандозии муомилоти пулӣ байни кортҳои пардохтии «Шитоб» — «Shetab» ва «Мир» баррасӣ шуд.

Ноиби сарвазири Русия изҳор дошт, ки яке аз масъалаҳои калидӣ муносиботи молиявию бонкӣ миёни кишварҳо мебошад, то шароити ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳо миёни шахсони ҳуқуқию созмонҳо фароҳам гардад.

«Муҳим он аст, ки мо созиш кардем, ҳадди аксар ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ роҳандозӣ шавад. Якҷо бо бонкҳои марказӣ роҳандозии низомҳои пардохт ва пайвасткунии кортҳои «Shetab» ва «Мир»-ро баррасӣ намудем», — гуфт Новак.

Вай афзуд, дар ояндаи наздик сафари мақомдорони Бонки марказӣ ва Вазорати молияи Эрон ба Маскав дар назар аст, ки тайи он таҳкими ҳамкорӣ бо Русияро баррасӣ хоҳанд кард.

Феълан Маскав бо бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он ҳисоббаробаркуниҳоро бо истифодаи пулҳои миллӣ ва рубл роҳандозӣ кардааст.

Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button