Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳаракати автобус дар масири Душанбе — Маскав оғоз мешавад: ба киҳо иҷозаи сафар аст

Тафсилоти нав дар бораи азсаргирии хатсайри автобусҳо миёни Тоҷикистону Русия маълум шуд: ҳамин тариқ сафари нахустин рӯзи 2 июн ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ширкати Asian Express тамоми хадамотро барои мусофирони хатсайри Душанбе — Маскав мушаххас кардааст.

Тибқи паёмҳои расмии ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз 2 июн ҳаракати автобусҳо байни пойтахтҳои ду кишвар оғоз мешавад.

«Мусофирҳо метавонанд тавассути автобус аз Терминали байналмилалии Душанбе (Автовокзали Душанбе) ба Маскав сафар кунанд. Дар баробари ин, шумо имкон доред, ки бо ҳамон масир аз Маскав ба Душанбе баргардед», — тавзеҳ медиҳад Asian Express.

Илова бар ин, ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир на ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз ин масир истифода кунанд. Танҳо онҳое, ки ҳуқуқи ворид шудан ба Федератсияи Русияро дар сарҳади заминӣ доранд.

Нарх ва хидматрасонии Asian Express

Дар мавриди нархи роҳкиро бошад, тибқи маълумоти пешакӣ, он барои як нафар 1200 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, то кунун миқдор ва вақти сафар маълум нест. То ба ҳол, интиқолдиҳанда танҳо номгӯи хидматҳоро ҳангоми сафари автобус мушаххас кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button