ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Роҳе, ки дарвозаи Тоҷикистон ба хориҷ мешавад: шиносоии Расулзода бо сохтмон

Сохтмони роҳ дар қисмати шарқии Тоҷикистон, ки Душанберо бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст менамояд, идома дорад

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо сохтмону навсозии роҳи Роғун — Обигарм — Нуробод шинос шуд, ки дарозияш дар ду марҳила 75 километрро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои расмӣ, марҳилаи якуми роҳи мазкур беш аз 30 километр, аз қитъаи Обигарм то Тагикамарро дар бар мегирад.

Аз ҷумла дар ин масир бунёди ду нақб — Қарағоч ба дарозии 1701 метр ва Кандак бо дарозии 1610 метр идома дорад.

Расулзода зимни шиносоӣ бо корҳои нақбканӣ аз сохтмончиён талаб кардаст, мутаваҷҷеҳ бошанд, чун нақб дар минтақаи баландкӯҳ бунёд шуда ва иқлими ин минтақа сербориш аст.

Дар назар аст, ки роҳ Роғун — Обигарм — Нуробод аз ду хатти ҳаракат бо паҳноиии 12-15 метр иборат шавад. Аз ҷумла қисмати роҳи мошингард аз 7 то 10 метр ва канораи 2,5-метрии роҳ бунёд мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button