Хабарҳо

АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: КАМАЗ ДАР ПОЙТАХТ ПИЁДАГАРД ВА ЧАРОҒАКИ РОҲРО ПАХШ КАРД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 23-юми майи соли 2022, тахминан соати 17:10, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “КАМАЗ”, Ғуломшои Абдулаҳад, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Ҷ.Расулов ба самти кӯчаи Р.Набиеви пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ғафоров Ғаффор, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Айниро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ғаффоров Ғ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.РВКД Душанбе бо нашри чанд акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки ронанда пиёдагарди солхӯрдаро дар роҳи пиёдагард пахш карда, ҳамчунин сутуни чароғаки роҳнаморо низ зада, корношоям кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button