Хабарҳо

ЯК ОИЛАРО ДАР ДУШАНБЕ БО ВАЪДАИ КӮЧИДАН БА КАНАДА 18 200 ДОЛЛАР ФИРЕБ ДОДААНД

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар чанд марҳила аз ӯ 18 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки ӯро бо оилааш ба давлати Канада мефиристонад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Дар ин бора рӯзи 24 майи соли 2022 маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод.Вақтҳои охир шумори торафт бештари сокинони Тоҷикистон талош доранд, бо аҳли оилаи худ барои зиндагии доим ба кишварҳои Ғарб, асосан ба кишварҳои Аврупо ва ба Амрико ва Канада бикӯчанд. Боло рафтани талабот ба виза ё раводиди сафар ба ин кишварҳо боиси гарм шудани бозори қаллобоне ҳам шудааст, ки бо сӯиистифода аз боварии шаҳрвандон, онҳоро ба маблағҳои бузург фиреб мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button