Хабарҳо

БА КОРФАРМОИ ХИТОӢ БАРОИ МАРГИ КОРГАРИ ТОҶИК ЯК СОЛ МУҲЛАТИ САНҶИШӢ ДОДАНД

Додгоҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо ҳукми худ аз 13 майи соли 2022 шаҳрванди 50-солаи Хитой Гав Ан Фу, соли таваллудаш 1972-ро бо ҷурми риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ки сабаби марги коргари тоҷики 38-солаи кони марбут ба ширкати “Кӯҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой” шудааст, бар асоси қисми дуюми моддаи 190 Кодекси ҷиноятии Тоҷик истон ба як соли маҳбаси сукунатӣ (колония-поселение) маҳкум кард. Вале додгоҳ бар асоси моддаи 71-и Кодекси ҷиноятӣ, ин ҷазои сабукро ҳам нисбат ба ин шаҳрванди Хитой ба иҷро нагузошт, балки онро ба ҳукми шартӣ табдил дода, барои Гав Ан Фу як сол муҳлати санҷишӣ муқаррар кард. Муҳлати санҷишӣ ба ин маъност, ки агар ӯ дар ин муҳлат ягон қонуншикании дигар накунад, аз адои ҳукмаш пурра озод карда мешавад.Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21 майи соли 2022 дар шарҳи ин парванда гуфт, Гав Ан Фу, санаи таваллудаш 12 октябри соли 1972, шаҳрванди Ҷумҳурии Халкии Хитой, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ, ҷамоати деҳоти Анзоб, деҳаи Работ, ҳамчун сардори қитъа оид ба техникаи бехатарии ҶДММ “Кӯҳҳои тиллои Тоҷикистону Хитой” кор карда, қоидаҳои бехатарии корҳои кӯҳиро вайрон карда, аз беэҳтиётӣ сабаби марги як коргар шудааст.Бино ба маводи парванда, Гав Ан Фу санаи 8 апрели соли 2022, тахминан соатҳои 14-00 ҳангоми иҷрои корҳои нақбканӣ ва насб намудани қубурҳои обгузару ҳаводиҳанда аз тарафи нақбкан Ҳасанов Ҷамшед Гулмуродович, соли таваллудаш 1984, сокини деҳаи Марзичи ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ, дар қитъаи зеризаминии №5-и кони Работ, уфуқи 1733 аз болои шифти нақб ҷинсҳои кӯҳӣ ғалтида, нақбкан Ҳасанов Ҷ.Г. дар зери онҳо монда, аз гармии ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҷои ҳодиса сӯхта, ба ҳалокат расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button