Хабарҳо

Изҳороти Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ

Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 22 майи соли 2022 дар як иттилоияи вижа, ки тавассути хабаргузории давлатии “Ховар” нашр шуд, кушта шудани Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшонро расман тасдиқ кард. Дар ин иттилоия Боқир “саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ” номбар шуда, гуфта мешавад, ки ӯ дар ҷараёни “муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” кушта шуд“Имрӯз соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии м. Бархоруғ Мамадбокиров Мамадбокир Карамалишоевич кушта шуд.Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят тафтишоти пешакӣ оғоз гардид”, гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button