Хабарҳо

Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар пайи гуфтушуниди навбатии марзӣ протоколро ба имзо расондааст

Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар пайи гуфтушуниди навбатии марзӣ протоколро ба имзо расондааст

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Гуфтушуниди марзии чоррӯза миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо имзои протокол анҷомид, хабар дод Вазорати умури хориҷии ҶТ.Ба иттилои манбаъ, вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 16 то 20 майи соли равон дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон баргузор гардид.

«Зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуданд», — омадааст дар иттилоия.Таъкид шудаст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, дар поёни нишаст протоколи дахлдор ба имзо расид. Интизор меравад, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардад.Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button