Хабарҳо
ТОҶИКҲОИ ХУДАШОНРО ҒОРАТ МЕКАРДАНД… ҲУКМИ ЗИНДОНИ 8 РОҲЗАНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Додгоҳ дар шаҳри Суворови вилояти Тулаи Русия рӯзи 13 майи соли 2022 якбора 8 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми ғоратгарӣ ба муҳлати аз 7 солу 8 моҳ то 10 сол маҳкум ба зиндон кард. Аз маводи парванда бармеояд, ки ин гангстерҳои зодаи Тоҷикистон асосан ҳамватанҳои худро ғорат мекардаанд. Бо ҳукми додгоҳ 1. Умаров Р.Р. ба 7 солу 8 моҳи зиндон, 2. Пирназаров Ш.М. ба 7 солу 10 моҳ, 3. Бобоёров Ш.Х. ба 8 солу 8 моҳ, 4. Ҷӯрақулов И.А. ба 9 солу 6 моҳ, 5. Раҳмонов Ф.О. ба 9 солу 8 моҳ, 6. Тошмуродов М.О. ба 9 солу 10 моҳ 7. Чутов А.Н. ба 9 солу 10 моҳ ва8. Артиққулов А.Н. ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.Суворов дар 90–километрии ғарби Тула ва 60–километрии ҷануби Калуга ҷойгир шудааст.