Хабарҳо

ЯК ЗАНРО ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ ҶОДУГАРӢ 2560 СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТААНД (АКС)

Зане, ки ҳамаро фол мекушоду гӯё ояндаашонро медид, худ нофаҳмида монд, ки чӣ гуна кормандони милитсия худашро дастгир карданд. Кӯрхатҳои ӯ на кормандони милитсия асар карду на ба додгоҳе, ки ин занро барои сеҳру ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷарима баст…Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 14 майи соли 2022 xабар дод, ки як зани 66-солаи сокини маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Фирдавсиро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ба маблағи 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 2560 сомонӣ (ё тақрибан 220 доллар) ҷарима бастаанд. Милитсияи Душанбе дар шарҳи ин қазия мегӯяд: “Дар асл Бекмуродова Ҳабиба саводу дониши тиббӣ надошта, маҳз ба хотири қонеъ сохтани эҳтиёҷоти молиявии худ ва ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будааст. Ӯ бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва испанду об гӯё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, онҳоро сеҳру ҷоду ва фолбинӣ намуда, бар ивази ин амали худ маблағи муайяне меситонидааст”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button