ВарзишТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дави миллӣ дар Суғд зиёда аз 100 ҳазор нафарро гирди ҳам овард

Теъдоди умумии иштирокдорони Дави миллӣ дар вилояти Суғд, ки аз соли 2007-ум инҷониб баргузор мешавад, зиёда аз 100 ҳазор нафарро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҳадафи баргузории Дави миллӣ оммавӣ кардани тарзи ҳаёти солим дар Тоҷикистон мебошад, изҳор дошт дар оғози чорабинӣ муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, дар шаҳри Хуҷанд беш аз 25 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун дар назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ сарҷамъ гардида, дар Дави миллӣ иштирок намуданд.

Теъдоди умумии иштирокдорон дар қаламрави Суғд беш аз 100 ҳазор нафар арзёбӣ гардид.Дави миллӣ аз соли 2007 инҷониб дар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ баргузор мешавад.

Мақомоти Суғд дар баробари дав, инчунин марафони велосипедронӣ сурат гирифта, сокинону варзишгарон тавассути хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва пули «Ҷашнӣ» то хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҳаракат намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button