ВарзишТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Руҳафзо Ҳақназарова чемпионати ҷаҳонро бо ғалаба оғоз кард

Муштзанбонуи тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова   дар рӯзи 4-уми чемпионати ҷаҳон оид ба бокс муштзани боливӣ Айда Санталларо  бо натиҷаи 5 бар 0 мувоҷеҳи шикаст кард.

Руҳафзо Ҳақназарова   муштзани тоҷик имрӯз   зери вазни то 50   кг муқобили муштзани боливӣ Айда Сантала  дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар Туркия ҷараён дорад,  нерӯсанҷӣ  кард. Рақобати муштзанон  дар даври 1/32 ниҳоӣ оғоз шуда, 5 раунд идома кард. Дар ин рақобат муштзани мо аз ҳариф дида як сару гардан боло буд ва бо қарори доварон бо натиҷаи 5 бар 0 ғалаба ба даст овард.   Ҳамин тавр,  Руҳафзо Ҳақназарова   ба марҳилаи 1/16 ниҳоӣ роҳашро ҳамвор кард.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонфуз 4 варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ карда истодаанд. Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ менамояд.

Мусобиқа аз 6-ум то 21 –уми май дар шаҳри Истанбул баргузор шуда, дар он 419 варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button