Хабарҳо

“РАЗБОР”-И 8 ҚИРҒИЗИ МАСТ БО МАРЗБОНҲОИ ТОҶИК ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ (СОБИҚ ҶИРГАТОЛ)

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки шоми 11 майи соли 2022, тахминан соати 20:30, дар мавзеи Қаровултеппаи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш 8 шаҳрванди Қирғизистон – сокинони деҳаи наздимарзии Қарамиқ дар яhttps://www.facebook.com/sharer.php?u=https%3A%2F%2Fwww.bomdod.com%2F2022%2F05%2F12%2Frazbor-i-8-qirghizi-mast-bo-marzbonhoi-tojik-dar-nohijai-lahsh-sobiq-jirgatol%2F#к мошини “Toyota-Estima” ғайриқонунӣ марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро убур карда, ба назди як воҳиди Қӯшунҳои марбонии Тоҷикистон рафтаанд ва бо онҳо вориди раддубадали лафзӣ, ё ба таъбири дигар, вориди “разбор” шудаанд. “Шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, ба марзбонони тоҷик дар масоили гуногун изҳори норозигӣ кардаанд. Бо шарофати амалҳои дуруст ва муназзами марзбонҳои қирғизе, ки дар он қитъаи марз хидмат мекарданд, шаҳрвандони Қирғизистонро ба қаламрави Қирғизистон баргардонда, ба кормандони милитсия супурданд”, — гуфта мешавад дар хабар.Ҷониби Тоҷикистон то кунун ин қазияро шарҳ надодааст. Ноҳияи Чон-Олой бо ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар водии Рашт ва қисман бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. Гузаргоҳи Қарамиқ дар марз бо ноҳияи Лахш ҷойгир шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button