Хабарҳо

АЗ ТАРАФИ РУСИЯ МЕҶАНГИД: ЯК СОКИНИ ФАЙЗОБОД ДАР ҶАНГИ УКРАИНА КУШТА ШУД

Мақомоти Русия хабари марги як сарбози тоҷики артиши Русия дар Украинаро ба пайвандонаш дар ноҳияи Файзобод расондаанд. Наздикони Алиҷон Сафарови 25-сола, сокини деҳаи Ҷонсӯзи ноҳияи Файзобод, гуфтанд, ки ӯ солҳо боз дар артиши Русия хидмат мекард, вале аз ҳузураш дар Украина хабар надоштанд.Бар асоси хабаре, ки мақомоти рус ба наздиконаш расондаанд, ӯ рӯзи 8-уми май кушта шудааст. Дар кадом минтақаи Украина ва дар кадом шароит ӯ ҳалок шудааст, номаълум аст. Ҳанӯз нагуфтаанд, ки ҷасади ӯро ба Тоҷикистон меоранд ё на.Аз оғози ҷанги Русия бо Украина хабари марги беш аз даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button