Хабарҳо

АМРИКО БА ТОҶИКИСТОН БА МАБЛАҒИ 20 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ҲАВОПАЙМОҲОИ БЕСАРНИШИНИ “ПУМА” МЕДИҲАД

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 10 май дар як нишасти хабарӣ бахшида ба 30 соли истиқрори равобити дипломатии Амрикову Тоҷикистон хабар дод, ки Амрико ба Тоҷикистон барои назорати марзҳояш ба маблағи 20 миллион доллар ҳавопаймоҳои бесарнишин (дрон ё паҳпод)-и навъи “Пума” медиҳад.Поммершайм гуфт, ин дронҳо бахше аз 60 миллион доллар кумакҳоест, ки Амрико барои соҳаи амнияти Тоҷикистон дар ду соли оянда ваъда додааст. Қарор аст, ҳавопаймоҳои бесарнишини “Пума” асосан барои ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон истифода шавад. Тоҷикистон бо Афғонистон 1425 километр марзи мустақим аст, ки қад-қади дарёи Панҷ (Амӯдарё) тӯл кашидааст.Ҷон Марк Поммершайм дар нишасти хабариаш ҳамзамон сарусадоҳо дар бораи эҳтимоли таъсиси пойгоҳи ҳарбии Амрико дар қамларави Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, Амрико танҳо рӯи тақвияти иқтидори нирӯҳои амниятии Тоҷикистон дар амри ҳифозати марз бо Афғонистон тамаркуз мекунад ва ба ин хотир ба ин кишвар дронҳои “Пума” ва таслиҳоти дигар медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button