Хабарҳо

СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОН МОШИНИ КАМАЗРО ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ПАРТОФТА ГУРЕХТ

Марзбонони тоҷик як мошини боркаши тамғаи КАМАЗ, мутааллиқ ба як шаҳрванди Қирғизистонро дастгир кардаанд. Худи ронанда мошинашро партофта, фирор кардааст.Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 30 апрели соли 2022 Қӯшунҳои сарҳаддии Тоҷ икистон дар марзи деҳаи Хоҷаи Аъло дар канори Исфара як мошини боркаши тамғаи КАМАЗро манъ кардаанд. Ронандаи ин мошин, ки тавре маълум шуд, сокини ноҳияи Бодканд К.А.А. будааст, мошинро партофта, ба самти марзи Қирғизистон фирор кардааст. Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 378 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Марзбонони тоҷик мошини боздоштшударо ба ҷониби Қирғизистон баргардондаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button