ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Нархи гази моеъ дар Ашт арзон шуд, дар дигар ҷо — гарон. Чаро?

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд арзиши як литр гази моеъро 5 сомонӣ – 5 сомониву 30 дирам таъин кардаанд, ки дар муқоиса ба минтақаҳои дигари кишвар, аз ҷумла Хуҷанд, як сомонӣ арзонтар аст.

Тоҷирон сабаби чунин фарқи зиёдро шарҳ додан намехоҳанд, вале мегӯянд, фоидаи зиёд ҳам намегиранду зарар ҳам намебинанд. Ноҳияи Ашт бо ноҳияи Попи Узбекистон ҳамсарҳад аст. Иддае тахмин мезананд, ки эҳтимол ин навъи сӯзишворӣ аз кишвари ҳамсоя оварда шавад. Мақомот шарҳ надодаанд.

Ин вазъ дар зеҳни аксари харидорон суолҳоеро халқ кардааст, ки чаро дар як минтақаи дурдасти Тоҷикистон имкони арзонтар фурӯхтани гази моеъ ҳасту дар шаҳру ноҳияҳои наздик ба марказ наметавонанд нархро поинтар кунанд? Дар ҳоле ки ба гуфтаи тоҷирон манбаи интиқоли гази моеъ як сарчашма дорад.

Бештари нақлиёти сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва болову пойин рафтани нархи ин навъи сӯзишворӣ ба ҷайби аксар мардуми миёнҳол дар кишвар таъсир дорад.

Нархи навъҳои дигари сӯзишворӣ, ба мисли бензину дизел дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, якхела аст.

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Аз чанд сол ба ин тараф мақомот мегӯянд, корхонаи коркарди нафт дар Данғара фаъол мешавад, вале ифтитоҳи он ба сабабҳои гуногун ба дарозо мекашад.

Ба иттилои расмӣ, «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Сеганҷ» ва Оҷонсии захираҳои моддӣ дар бозори нафти кишвар саҳми зиёд доранд. «Фароз», ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз воридкунандаи асосии ин бозор буд. Ширкат ду сол пеш дар номае ба Кумитаи андоз гуфт, ки ба далели тоб наовардан дар бозор барҳам мехӯрад, вале як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкат ҳанӯз фаъол аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button