Хабарҳо

ЯК ҶАВОН ДАР МАСТЧОҲ ВА ЯК КӮДАК ДАР ФАРХОР ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани як ҷавони 19-сола дар ноҳияи Мастчоҳ ва як кӯдаки 12-сола дар ноҳияи Фархор хабар дод.Бино ба иттилои ин ниҳод, як сокини 19-солаи ҷамоати Обшорони ноҳияи Мастчоҳ дар оби канали ин ноҳия ғарқ шуддаст. Сабаби марги ӯро шиновариро натавонистани марҳум мегӯянд.Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда гуфт, имдодгарони ин ниҳод ба ҷойи ҳодиса расида, корҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ мондаанд ва ҷасади ғарқшударо дар мавзеъи минтақаи насоси обкашии №1 дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстон пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.Ҳамчунин субҳи барвақти 7 майи соли 2022, тахминан соати 05:20, сокинон дар деҳаи Некманзари ҷамоати Хуросони ноҳияи Фархор ҷасади як писарбачаи 12-соларо пайдо кардаанд. Ин писарбача рӯзи 30-уми апрели соли равон дар канали ЛР 18-и деҳаи Сайф Раҳими ҷамоати Деҳқонободи ноҳияи Фархор ба сабабҳои номаълум ғарқ шуда буд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қаблан хабар дод, ки танҳо дар рӯзи иди Рамазон, 2 майи соли 2022, дастикам 6 кӯдак ғарқ шудаанд. Аз ин шумор 4 нафарро наҷот додаанд, вале як тифли даҳсола дар Бохтар ва як кӯдаки шашсола дар Ҳисор ҷон додаанд. Ҷустуҷӯи тифли дар канали Ҳисор ғарқшуда то ҳол натиҷа надодааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button